Суханронӣ дар ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)

0
5

Муҳтарам ҳамтоён ва сардорони ҳайатҳо!

Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев барои дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор намудани мулоқоти мо ва истиқболи самимӣ изҳори сипос намоям.

Ҳамаи намояндагони кишварҳои аъзоро бо санаи ҷашнии МҲТБО самимона табрик мегӯям.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Баъди нишасти охирин дар минтақаи МҲТБО дар рӯзномаи байналмилалӣ тағйироти назаррас ба амал омаданд.

Пандемияи COVID-19 боиси буҳрони тӯлонии иҷтимоию иқтисодии ҷаҳонӣ гардид, ки бидуни муболиға, ба амнияти мо таъсир мерасонад.

Имрӯз равандҳои манфӣ дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбию сиёсӣ вусъат ёфта истодаанд.

Ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, чун пештара, миқёси афзояндаи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ таҳдид мекунанд.

Зарурати афзоиш додани талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишу таҳдидҳо, инчунин ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва амният ба миён омадааст.

Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш,

Мо дар Тоҷикистон қадри сулҳ ва ҳифзи онро амиқ дарк мекунем.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми мо имтиҳони душвор ва давраи нооромро аз сар гузаронид.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон иштирокчии фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ маҳсуб мешавад.

Дар асоси таҷрибаи андӯхта дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ мо Стратегияи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2025 таҳия ва қабул намудем.

Конфронси сатҳи баланд дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм, ки чанд рӯз баъд дар пойтахти Тоҷикистон ҳамроҳ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад, мавзӯъҳои муҳими ҷаҳони имрӯзаро фаро мегирад.

Мо ба иштироки фаъолонаи намояндагони воломақоми кишварҳои узви МҲТБО дар баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ дар заминаи мубориза бо терроризм умед мебандем.

Дӯстони азиз,

Пас аз шомил шудан ба МҲТБО Тоҷикистон Машваратро пайваста дастгирӣ намуда, дар ноил шудан ба ҳадафҳои он саҳми арзанда мегузорад.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози соҳаи сайёҳӣ дар чаҳорчӯби Машварат барои пешбурди ҳамкорӣ дар ин самт талошҳои зарурӣ ба харҷ медиҳад.

Дар заминаи вазифаҳои умумие, ки дар назди мо меистанд, мехоҳам аҳамияти Баёнияеро, ки дар Нишасти Душанбе қабул шуда буд, зикр намоям.

Он мавқеъ ва нуқтаи назари Машваратро оид ба масъалаҳои муҳими амнияту ҳамкорӣ дар Осиё, бо шумули мушкилоти Афғонистон инъикос менамояд.

Мо итминон дорем, ки ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои кишварҳои узви МҲТБО метавонад ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар кумаки қатъӣ расонад.

Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш,

Мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим аҳамияти махсус касб менамояд.

Тоҷикистон аз тағйирот дар давраи гидрологӣ, ки боиси обхезӣ ва хушксолии шадид гардида, ба захираҳои обу энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонад, нигарон аст.

Бар асари тағйири иқлим ва гармшавии глобалӣ аз 14 ҳазор пирях дар кӯҳистони Тоҷикистон беш аз як ҳазораш комилан об шудаанд.

Барои бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мо пешниҳод кардем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Мо умедворем, ки талошҳои мо дар ин самт аз ҷониби кишварҳои узви МҲТБО ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.Ҳамтоёни муҳтарам, Соли ду ҳазору бисту сеюм (2023) аз нигоҳи баррасии миёнамуҳлати Ҳадафҳои рушди устувор ва арзёбии иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” соли муҳим мебошад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид, ки соли оянда пас аз чилу шаш соли баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд оид ба об дар Ню-Йорк доир мешавад, натиҷаҳои назаррасро интизор аст.

Тоҷикистон яке аз ҳамраисони ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ хоҳад буд.

Мо аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки дар омодагӣ ва баргузории ин чорабинии сатҳи баланд фаъолона ҳамкорӣ кунанд. Ҳамтоёни муҳтарам,

Имрӯз дар доираи Машварат масъалаи муҳим- инкишофдиҳӣ ва ба созмони байналмилалӣ табдил додани он мебошад.

Мо раванди табдилдиҳии МҲТБО-ро бо дарназардошти имконоти иқтисодӣ ва молиявии кишварҳои узв дастгирӣ мекунем.

Мо итминон дорем, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза имкон медиҳанд, ки дурнамои фаъолияти муштараки мо дар самти таҳкими эътимоду амният, инчунин ҳамкории васеи бисёрҷониба дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақаи МҲТБО муайян карда шавад.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.

Источник: president.tj