Судяҳои Суди шаҳри Ваҳдат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муҳтавои Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ медиҳанд

0
216

Судяҳои Суди шаҳри Ваҳдат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  муҳтавои Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ медиҳанд

ВАҲДАТ, 25.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат  бо иштироки судяҳои  Суди шаҳри Ваҳдат, масъулини ҷамоат ва ҷавонону бонувон барои шарҳу тафсири нуктаҳои асосии  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси   Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки Паём чун ҳуҷҷати роҳнамо тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалҳои барои рушди мамлакат равонаро пурра мураттаб месозад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки  дар ҳама бахшҳои мухталифи мамлакат нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд. Чунин пешравиҳо аз рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Раиси Суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода доир ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарнок, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷавононро ба бурдани тарзи ҳаёти солим, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, сидқан дӯст доштани Ватан, ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, донистани таърихи худ ва арҷ гузоштан ба он ҳидоят намуд.

Аҳли нишаст, ки намояндагони табақаҳои гуногун- раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷамоат ва ҷавонону занон буданд, суханони меҳмонро ба хубӣ пазируфтанд. Ҳамзамон иброз доштанд, ки дастуру ҳидоятҳо ва мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки имрӯз аз тарафи гурӯҳи корӣ шунида шуд, минбаъд сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, мундариҷаи онро ба мардум мерасонанд.

Источник: khovar.tj