СУБОТ, ЭЪТИМОД ВА ВАЗЪИ УСТУВОР. «Спитамен Бонк» шомили рейтинги молиявӣ-байналмилалии BBB гардид

0
208

СУБОТ, ЭЪТИМОД ВА ВАЗЪИ УСТУВОР.   «Спитамен Бонк» шомили рейтинги молиявӣ-байналмилалии BBB  гардид

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи январи соли 2020 Агентии байналмилалии рейтингии MicroFinanza Rating (MFR) ба “Спитамен Бонк” рейтинги ВВВ* дод, ки нишондиҳандаи барқарории бонк аст. Рейтинги ин категория барои Бонк дар бозори молиявӣ имкониятҳои нав мекушояд, хабар доданд ба  мухбири АМИТ «Ховар» дар “Спитамен бонк”.

Баҳодиҳӣ ба ин категория аз субот, эътимоднокӣ, вазъи устувори молиявӣ ва сифати баланди портфели қарзии  «Спитамен Бонк» шаҳодат медиҳад.

 

 

СУБОТ, ЭЪТИМОД ВА ВАЗЪИ УСТУВОР.   «Спитамен Бонк» шомили рейтинги молиявӣ-байналмилалии BBB  гардидҲангоми шарҳ додани рейтинг муовини якуми раиси  «Спитамен Бонк» Умедҷон Ҳикматов чунин гуфт: «Мо хеле хушнудем, ки  бонки мо  аз тарафи яке аз оҷонсиҳои пешбари рейтингӣ  MicroFinanza Rating ба чунин баҳои баланд мушарраф гардид. Арзёбии холисонаи ин агентӣ фаъолияти шаффоф ва масъулиятноки Бонкро  таъйид  мекунад. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо якчанд бонк рейтинги мусбати молиявӣ доранд. Хурсандибахш аст, ки акнун ба қатори онҳо «Спитамен Бонк» низ ҳамроҳ шуд ”.

Барои маълумот:

MicroFinanza Rating (MFR)   – Агентии  байналмилалии рейтингӣ аст, ки ба пешниҳоди хизматрасониҳои мустақил ва баландихтисос ба муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла рейтингҳои қарзӣ ва иҷтимоӣ, сертификатсия ва дигар амалҳо машғул мебошад. Мизоҷони MFR,  ба монанди сармоягузорон ва танзимкунандагон асосан дастраскунандагони хизматҳои молиявӣ мебошанд.

_________________________________

* Рейтинги «BBB» нишондиҳандаи хатари пешфарзи дараҷаи паст аст. Зимни он мавқеи хуби қарздиҳӣ ва қобилияти пардохти уҳдадориҳои молиявӣ ба таври кофӣ арзёбӣ карда мешавад.

Источник: khovar.tj