Субҳи имрӯз заминҷунбӣ Тоҷикистонро такон дод

0
144

Субҳи имрӯз заминҷунбӣ Тоҷикистонро такон дод

Маркази заминҷунбӣ дар 379 километр қисмати шарқи Душанбе, 157 километр қисмати шимол-шарқи Хоруғ ва 77 километр қисмати ғарби Мурғоб рух додаст

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Субҳи имрӯз заминҷунбӣ Тоҷикистонро такон дод, иттилоъ додааст .

Бино бар иттилои манбаъ, заминҷунбӣ соати 6:12 ба вақти Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Заминҷунбӣ муҳлати зиёде идома накардааст.

Қувваи заминҷунбӣ дар марказ 4,3 баллро ташкил дода, дар умқи 124 километрии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар қаламрави Боғи миллии Тоҷикистон наздикии Қуллаи Сарез рух додааст.Субҳи имрӯз заминҷунбӣ Тоҷикистонро такон дод Данные о землетрясениях в Таджикистане с сайта www.emsc-csem.org

Заминҷунбӣ дуртар аз макони зисти аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Заминҷунбӣ дар 379 километр қисмати шарқи Душанбе, 157 километр қисмати шимол-шарқи Хоруғ ва 77 километр қисмати ғарби Мурғоб рух додаст.

Пештар ду заминҷунбӣ дар қаламрави Қазоқистон ба қайд гирифта шуда буд. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ маълумоте ба даст наомадааст.

 

Источник: sputnik-tj.com