Суғд: соли гузашта дар вилоят шумораи содиршавии ҷиноятҳои вазнин коҳиш ёфтааст

0
94

Суғд: соли  гузашта дар вилоят шумораи содиршавии ҷиноятҳои вазнин коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дар вилояти Суғд  шумораи содиршавии ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ва нигоҳдошти ғайриқонунии силоҳ,  вайрон намудани  тартибот дар ҷойҳои   ҷамъиятӣ  дар муқоиса ба соли 2018  коҳиш ёфтааст. Дар ин бора сардори Раёсати Вазорати  корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни нишаст Абдулло Навҷувонов доир ба натиҷаи фаъолияти фаврӣ -хизматии мақомот давоми соли 2019, аз ҷумла  оид ба вазъи ҷиноятсодиркунӣ ва намуди онҳо  дар миқёси вилоят, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, фаъолияти милитсия дар самти ошкор намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, боздошти афроди дар содир намудани ҷиноят гумонбар ва пешгирии унсурҳои номатлуб ба рӯзноманигорон маълумот дода, ин масъалаҳоро шарҳу эзоҳ дод.

Суғд: соли  гузашта дар вилоят шумораи содиршавии ҷиноятҳои вазнин коҳиш ёфтаастА.Навҷувонов таъкид намуд, ки   соли 2019 мавқеи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, субъекти муборизи ҷиноят, ҳуқуқвайронкунӣ, унсурҳои ба ҷомеа хавфнок ва ҳифзкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ назаррас буд.

Номбурда ба саволҳои  намояндагони  воситаҳои ахбори омма  вобаста ба ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ  дар вилоят,   пешгирии ҷиноятҳо, нақшаҳои минбаъда ва дигар муаммоҳои рӯзмарра, ки ба фаъолияти милитсия алоқаманданд,  посух дода, барои ҳамкории доимии судманд бо масъулини мақомоти  мазкур  дар тарғибу инъикоси воқеъбинонаи натиҷаҳои фаъолияти  фаврӣ-хизматӣ, таҳқиқу тафтишотӣ, профилактикӣ, тавсифи дастовард ва заҳматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия, ҳамзамон баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои доғи рӯз ба рӯзноманигорон изҳори миннатдорӣ намуд.

Источник: khovar.tj