Суғд: бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ озмуни «Ватанпарвар» гузаронида шуд

0
161

Суғд: бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ озмуни «Ватанпарвар» гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими ғояҳои дӯстӣ, ташвиқи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии озмуни ҳарбӣ — варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати маорифи вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, дар ҳамоиш сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода афсарону аскарони қисми ҳарбии мазкур ва иштирокдорони озмунро ба ифтихори солгарди таъсиси Артиши миллии мамлакат табрик намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ — дастаҳои хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Деваштич, Конибодом ва Хуҷанд ширкат варзида, аз рӯйи 5 бахш – машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, таҳияи варақаи ҳарбӣ – ватанпарастӣ бо ҳам мусобиқа намуданд.

Дар ҷамъбасти натиҷаҳои озмун ҷойи аввал насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Ҷойи дуюмро дастаи шаҳри Конибодом ишғол намуда, мақоми сеюм ба дастаи шаҳри Истаравшан дода шуд. Дастаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич барои ширкати фаъолона бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Озмуни мазкур тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 27 январи соли 2020 дар се давр — шаҳрӣ (ноҳиявӣ), минтақавӣ ва вилоятӣ гузаронида шуд.

Ғолибони озмун моҳи июн вилояти Суғдро дар даври ҷумҳуриявии Озмуни ҳарбӣ — варзишии «Ватанпарвар» намояндагӣ мекунанд.

Источник: khovar.tj