Суҳбати видеоии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

0
90

Суҳбати видеоии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду давлат ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд.

Источник: khovar.tj