Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон

0
48

Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон

ДУШАНБЕ, 21.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  20 май суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Зограб Мнатсаканян баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат мусоҳибон масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии коронавируси навро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба иқдомҳои пешгирифтаи ҳукуматҳои ду давлат ҷиҳати мубориза бо ҳамагирии ҷаҳонӣ табодули маълумот намуданд.

Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба табодули назар карда, ҷиҳати таҳкими ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф, пеш аз ҳама, бо истифода аз абзори ройзаниҳои сиёсӣ ва зарфияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба тавофуқ расиданд.

Источник: khovar.tj