Суҳбати телефонии Раҳмон ва Руҳонӣ: Эрон ба Тоҷикистон мутахассису доруворӣ мефиристад

0
121

Суҳбати телефонии Раҳмон ва Руҳонӣ:  Эрон ба Тоҷикистон мутахассису доруворӣ мефиристад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтугӯи телефонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар оғози суҳбат ҷонибҳо якдигар ва мардумони кишварҳои худро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, алоқамандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба иброз доштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин изҳори умед карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ дар мӯҳлатҳои муқарраршуда баргузор мегардад.

“Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус мавзуи зуҳуроти буҳрониро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд”,-афзудааст манбаъ.

Дар ин зимн ҷонибҳо оид ба иқдомҳои амалӣ ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ намуданд.

Президенти Тоҷикистон дар идомаи суҳбат ба мардуми дӯсти Эрон изҳори ҳамдардиву тасаллият ва ба ҳамаи беморон шифои комил орзӯ намуда, ба талошҳои қотеона ва саривақтии ҷониби Эрон дар мубориза бо ин бемории сироятӣ баҳои баланд додааст.

“Ҷонибҳо ҳамчунин баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд. Аҳамияти андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади паст кардани сатҳи таъсири манфии пандемия ба ҷараёни рушди онҳо таъкид гардид”,-азудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ дар мубориза бо паҳншавии пандемияи коронавирус Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо таҷҳизот, мутахассисони соҳавӣ ва маводи доруворӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар рафти суҳбат инчунин дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилаливу минтақавӣ мавриди гуфтушунид қарор доштанд.

Источник: sputnik-tj.com