Суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода

0
174

Cубҳи имрӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолати воқеии мавзеҳои бар асари офати табии зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳисобот доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, 11 майи соли 2021 дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматии сокинони шаҳру ноҳияҳо хароб гардида, роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ зарар дидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат ва Раиси вилояти Хатлон дастур доданд, ки дар кутоҳтарин фурсат манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигари хароб гардида, пурра барқарор карда шуда, ба оилаҳои зарадида саривақт ва бетаъхир кумакҳои моддӣ расонида шавад.

Источник: president.tj