Суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

0
71

Имрӯз бо ташаббуси ҷониби Покистон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби муҳтарам Имрон Хон доир гардид.

Зимни суҳбат дар идомаи муколамае, ки дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд,   ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаро баррасӣ намуданд. Дар ин зимн ба вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки вазъи ин кишвари ҳамсоя ҳамоно дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад, зеро ҳамаи он рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд.

Вобаста ба ин Сарвари давлати мо қайд карданд, ки роҳандозии муколамаи васеи нерӯҳои мухталифи ин кишвар яке аз омилҳои муҳими барқарории сулҳу субот дар он арзёбӣ мегардад. Бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба мақсади мусоидат ба ин раванд дар доираи имкониятҳои мавҷуда иброз гардид.

Мувофиқа ба даст омад, ки тамосу машваратҳои ду кишвар оид ба қазияи Афғонистон дар ҳамаи сатҳҳо идома дода шаванд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин атрофи натиҷаҳои сафари расмии начандон дури Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби муҳтарам Имрон Хон ба Тоҷикистон ва ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Источник: president.tj