Суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Никол Пашинян

0
4

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти СААД муҳтарам Никол Пашинян доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ду ҷониб оид ба раванди рушди вазъият дар Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор анҷом дода, ҷонибдории худро дар ростои талошҳои роҳбарияти кишвари дӯст ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ таъкид намуданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни татбиқи қарори СААД-ро дар бораи ирсоли ҳайати муттаҳидаи сулҳофари Созмон ба Қазоқистон барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот баррасӣ намуданд.  

 

Источник: president.tj