Суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

0
81

17 ноябри соли 2021 бо ташаббуси ҷониби Арманистон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян баргузор гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ҳамчун Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оид ба вазъияти дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон баамаломада иттилоъ дод. 

Зимни суҳбат Пешвои миллат даъват намуданд, ки ҷонибҳо тавофуқоти ҳосилшударо риоя намуда,  ҳамаи ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсиву дипломатӣ ҳалу фасл кунанд.

 

Источник: president.tj