Суҳбати телефонӣ бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат

0
36

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Суғд, раисони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Вахш, Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахшро оид ба рафти корҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID – 19 шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда бобати мақсаднок ва суроғавӣ расондани кӯмакҳои расида, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ба гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро ба ҳамаи табибону кормандони соҳаи тиб, ки бевосита дар мубориза бо ин беморӣ ва табобати беморон машғуланд, изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳаёти ҳар як бемор аз сатҳи баланди касбӣ ва маҳорату таҷрибаи духтурон сахт вобастагӣ дорад.

Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикргардида дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID – 19   пешгирӣ ва табобати мубталоёни ин бемориро зери назорати қатъӣ гирифта, ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои пешомада чораҳои саривақтӣ андешанд.

Источник: president.tj