Суҳбати телефонӣ бо раисони як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон

0
97

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раисони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Раисони ин ноҳияҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои охир ба амал омадаанд, ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлонро вазифадор намуданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ чораҳои бетаъхир андешида, ба мардуми зарардида кӯмакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.

Источник: president.tj