Суҳбати телефонӣ бо Раиси вилояти Суғд

0
10

5 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳисоботи Раиси вилояти Суғдро дар бораи вазъи кунунии тадбирҳои барқарорсозӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, шуниданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ситоди корӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои таъхирнопазир амалӣ шуда истодаанд.

Сарвари давлат ба Раиси вилояти Суғд дастур доданд, ки мунтазам аз аҳволи оилаҳои осебдида бохабар шуда, дар муддати 1 моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасидаро пурра бунёду барқарор созанд ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин намоянд.

Ҳамзамон супориш доданд, ки ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои марзии охири моҳи апрели соли 2021 наздикони худро аз даст додаанд, кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муваззаф гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои фаврии Сарвари давлатро зери назорати қатъӣ гирифта, аз натиҷаҳояш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайянгардида ҳисоботи муфассал ирсол намояд.

Источник: president.tj