Суҳбати телефонӣ бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

0
141

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи наздик муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо камоли самимият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Пешвои миллат таманниёти неки худро ҷиҳати сиҳатмандии комил ва бурдбориҳои беш аз пеш дар фаъолияти давлатиашон иброз доштанд. Дар ин зимн Сарвари давлати Афғонистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии бардавом орзу намуданд.

Муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо таъкиди нақши хоссаи Пешвои миллат дар рушди таҳкими муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар даврони муосир ҳамчунин изҳори итминон карданд, ки робитаҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Афғонистон дар оянда низ тавсеа ёфта, дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷанбаҳои навро фаро хоҳанд гирифт.

Ба ин манзур дар рафти суҳбати телефонӣ сарони ду давлат масоили мухталифи марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи баъзе масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Источник: president.tj