Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

0
132

Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат сарони ду давлат дар фазои дӯстона якдигарро бо фарорасии Соли нав самимона табрик ва ба мардуми бародари тоҷику ӯзбек   бурдборӣ, сулҳ ва шукуфоӣ  орзу намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев суръати баланди рушди босамари муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо назардошти манфиатҳои бунёдии ду халқи наздик ва тамоми минтақа бо қаноатмандӣ зикр намуданд.

Президенти Тоҷикистон ба минбаъд идомаи мантиқӣ ёфтани муносибатҳои ду кишвар дар ин маҷро изҳори итминон  карда,  аз омодагии ҷониби Тоҷикистон барои фаъолияти муштарак дар ин самт таъкид намуданд.

Ҷонибҳо инчунин як қатор масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Источник: president.tj