Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

0
231

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлати моро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил бо ҷашни зодрӯзаш самимона ва бародарвор табрику муборакбодӣ карда, дар симои ӯ ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ қайд намуданд, ки дар Тоҷикистон ба саъю талошҳои Шавкат Мирзиёев ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳанд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ иброз доштанд.

Источник: president.tj