Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ

0
49

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саидиброҳим Раисӣ баргузор гардид.

Дар оғози  суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо муносибати фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрик гуфтанд.

Зимни табрикоти худ Пешвои миллат ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ, файзу баракот ва дар роҳи пешрафту шукуфоӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат президентҳо ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иқдомҳои муштараки минбаъдаи ҷонибҳоро ҷиҳати рушду таҳкими пайгиронаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар баррасӣ намуданд. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саидиброҳим Раисӣ даъвати қаблан ирсолгардидаи худро аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Эрон муҷаддадан таъкид карданд.  

Миёни ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи байналмилаливу минтақавии мавриди назари тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Источник: president.tj