Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

0
90

16 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Роҳбари давлати мо Президенти Қирғизистонро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфта, ба Сооронбой Жээнбеков сиҳатии комил, саодатмандӣ, ҳамчунин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин дар роҳи таъмини шукуфоии Қирғизистони дӯст таманно намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, алоқамандиашонро ба рушди мусбати ҳамаи паҳлӯҳои онҳо таъкид доштанд.

 Президентҳои ҳарду кишвар зарурати ба харҷ додани саъю талошҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистонро бахусус таъкид намуданд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин маъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи минтақавӣ мавриди муҳокима қарор доштанд.

Источник: president.tj