Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

0
124

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти  Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод.  

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои делимитатсияи хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.   

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода дар асоси доимӣ идома дода шавад.

Источник: president.tj