Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

0
110

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин зимн президентҳо ба мавзӯи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҳамзамон аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадот махсус таъкид гардид.

Ҳамчунин мувофиқа ҳосил шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мулоқоту фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо фаъол гардонида шавад.

Дар натиҷаи суҳбат ҷонибҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт супоришҳои мушаххас доданд.

Источник: president.tj