Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

0
177

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат роҳбарони ҳар ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати 75-солагии Рӯзи Ғалаба унвонии мардумони Тоҷикистону Беларус табодули табрикоти гарм, таманниёти некӯаҳволӣ, сулҳ ва шукуфоӣ намуданд.

Аснои мубодилаи андешаҳо вобаста ба мавзӯи зуҳуроти глобалии бӯҳронии муосир ҷонибҳо ба ҳамдигар оид ба вазъе, ки бар асари паҳншавии фарогири коронавирус дар ҳарду кишвар ташаккул ёфта истодааст, иттилоъ доданд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларусро таъкид намуданд.

Қайд гардид, ин ин ба манфиатҳои аслии ду халқи бародар ҷавобгӯ мебошад.

Вобаста ба ин ҳамоҳангсозии минбаъдаи талоши ҷонибҳо ҷиҳати бартараф кардани таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус муҳим дониста шуд.

Президенти Тоҷикистон изҳори итминон намуданд, ки муносибатҳои ду кишвар минбаъд низ идомаи мантиқии худро хоҳанд ёфт ва зимнан омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар ин самт қайд карданд.

Ҷонибҳо инчунин як қатор масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалиии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди муҳокима қарор доданд.

Источник: president.tj