Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

0
155

Имрӯз дар нимаи дуюми рӯз сӯҳбати телефонӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев доир гардид.

Ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ ҷараёни рушди устуворро касб кардаанд, мавзӯи суҳбати сарони ду давлат қарор дошт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ ибрози назар намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд.

Дар ин зимн муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал овард.

Дар идомаи суҳбати телефонӣ президентҳо ба муносибати фарорасии Соли нави 2020 мубодилаи табрикот анҷом дода, ба мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу намуданд.

Источник: president.tj