Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

0
5

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо раванди рушди вазъият дар Қазоқистонро баррасӣ намуданд.

Муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Пешвои миллат дар бораи андешидани тадбирҳои амалӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани вазъият, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва ҳамзамон ҳадафҳои ниҳоии саркардагони рӯйдодҳои фоҷеабор ҷиҳати ғасби ҳокимият дар кишвар ба таври муфассал маълумот доданд.

Дар ин зимн, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Сарвари давлати мо ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ирсоли ҳайати маҳдуди низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон дар қатори нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот изҳори сипос намуданд.  

Источник: president.tj