Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев

0
141

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати ба мо дӯсти Қазоқистон бо таманниёти беҳтарин Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуд.  

Қосим-Жомарт Токаев саҳми назарраси Президенти Тоҷикистонро дар эҳёи сулҳ ва ваҳдати миллии кишвар ва таъмини рушди пойдори  иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қайд намуд.

Дар фазои дӯстонаву созандагӣ, Сарони давлатҳо атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои равобити ҳасанаи муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши онҳо мубодилаи афкор намуданд.

Президенти Тоҷикистон ва Президенти Қазоқистон дар суҳбати телефонӣ нисбат ба масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ ибрози назар намуданд.

Источник: president.tj