Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

0
108

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Ба якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Русия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима намуданд.

Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.

Сарони давлатҳо зикр карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва Иттиҳод аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни суҳбат омодагии тарафайн ба кори ҳадафмандона дар самти рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия изҳор карда шуд.

Источник: president.tj