Суҳбат бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон

0
217

Шоми рӯзи 11 ноябри соли 2019 дар доираи иштирок дар чорабиниҳои ҳамоиши Париж оид ба Сулҳ суҳбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон доир гардид.

Дар рафти суҳбати озод оид ба робитаҳои дуҷониба бо Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷумҳурии Франсия, инчунин доираи васеъи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии Ҳамоиш табодули афкор сурат гирифт.

Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурд ва тарғиби рӯзномаи иҷтимоиву иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид созгор донист, Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон бошад, натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фаронса ва силсилаи музокиротро пурсамар ва муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Источник: president.tj