Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод

0
42

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод суҳбати телефонӣ анҷом доданд ва ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи кишти зироатҳои баҳорӣ шуниданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки маъракаи кишти зироатҳои баҳориро дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонида, махсусан, ба васеъ кардани зироати асосии кишоварзии минтақаҳои мазкур – картошка ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ баланд бардоштани ҳосилнокии он эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Источник: president.tj