Суҳбати телефонӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

0
51

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов баргузор гардид.

Нахуст сарони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон табрик гуфтанд.

Президентҳо бо қаноатмандӣ тамоюли  рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои ду кишварро мавриди таъкид қарор доданд. Дар ин зимн ҷонибҳо  раванди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд. Омодагии ҷонибҳоро барои идомаи ҳамкории фаъол дар ростои масоили мубрами глобалӣ ва минтақавӣ таъйид намуданд.

Сарвари давлати мо аз таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон  ёдовар шуданд. Вобаста ба ин аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва равобити эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд мавриди таъкид қарор гирифт.  

Дар ин зимн Сарвари давлати мо аз Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Источник: president.tj