Суҳбати телефонӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

0
3

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид.

Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро, аз ҷумла оид ба масъалаҳои калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сарвари давлат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи тақвияти ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он дар ростои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ, бахусус масъалаҳои обу иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таъкид намуданд.

Ду ҷониб ҳамзамон дар робита ба вазъи ҷории ҳамсоякишвари Афғонистон табодули афкор анҷом доданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳад ва онро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузорад. Вобаста ба ин омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин раванд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии кишвар барои расонидани чунин кумак иброз карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари зикри нақши муҳими Ҳайати Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон, изҳори умед намуданд, ки Созмон ва ниҳодҳои марбутаи он ба қазияи Афғонистон минбаъд низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир хоҳанд кард.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки  ба тамосҳо ҷиҳати баррасии ин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ идома хоҳанд дод.

Источник: president.tj