Стипендияи Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба донишҷӯёни фаъол

0
67

Санаи 20-уми майи соли равон маросими супоридани Стипендияи Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба донишҷӯёни фаъол, намунавӣ ва пешсафи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар маросими супоридани Стипендия директории Донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. иштирок карда, сараввал ҳамаи онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният намуд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки имрӯз нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 9 нафар донишҷӯёни аълохон Стипендияи Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот супорида шуд.

Дар навбати худ донишҷӯёни Донишкада Мунавваров Сайфиддин ва Нозирова Зебохон арзи сипоси гирандагони Стипендияро ба Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Идиев Ҳ.С. барои таваҷҷуҳ ва дастгириашон иброз намуданд.