Созиши Тоҷикистону Туркия барои поси хотири Мавлоно Балхӣ

0
138

Созиши Тоҷикистону Туркия барои поси хотири Мавлоно Балхӣ

Масъалаи баргузории конфронсҳо бахшида ба мутаффакири машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар меҳвари баррасии Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафири Туркия Алӣ Рифат Кёксал қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо сафири фавқулодаи Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал вохӯрӣ баргузор намуд.

Ба иттилои котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот, масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркияро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ меафзояд, сафири Туркия нахуст Давлатзодаро барои ба мақоми Вазири фарҳанг баргузида шудан, табрик намудааст.

Алӣ Рифат Кёксал изҳор доштаст, ки ҷониби Туркия омода аст, бо кишвари ҳамнаво ва дӯсти худ Тоҷикистон дар тақвияти ҳамкориҳо боз ҳам саъй намояд.

Зимнан, намояндагони ду кишвар масъалаи баргузории конфронс бахшида ба мутаффакири машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар меҳвари гуфтугӯ қарор доданд.

Источник: sputnik-tj.com