СOVID-19. Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷараёни корҳои безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби КҲФ ва МГ шинос шуд

0
86

СOVID-19. Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷараёни  корҳои  безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ  аз ҷониби  КҲФ ва МГ  шинос шуд

ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /НИАТ «Ховар»/.  Бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон гузаронидани корҳои миқёсӣ оид ба безараргардонии ҷойҳои серодам, аз ҷумла нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо ва корхонаҳои тиҷоратӣ идома дорад.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 4 ва 5 май тибқи Нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус, КҲФ ва МГ дар кӯчаҳои маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ анҷом дод.

“Дар кор 35 корманд ширкат варзиданд ва мошинҳои махсуси безараргардонӣ ҷалб карда шуданд. Аз 896 хонавода дар 693 корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд, ки тақрибан 70% кӯчаҳои маҳалла мебошад. Инчунин, кормандони КҲФ буклетҳо ва брошюраҳо паҳн карданд», — гуфт манбаъ.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим бо ҷараёни корҳо шинос шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон кормандони Кумита дар 203 хонавода корҳои фаҳмондадиҳиро идома медиҳад.

Источник: khovar.tj