Сомон ва Беҳрӯз ба даври сеюми мусобиқаи “Paris Grand Slam 2020” роҳ ёфтанд

0
165

Сомон ва Беҳрӯз ба даври сеюми мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020" роҳ ёфтанд

Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода, имрӯз дар мусобиқаи “Paris Grand Slam 2020” тавонистанд рақибони худро мағлуб ва ба даври сеюми рақобат роҳ ёбанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Имрӯз дар рӯзи якуми мусобиқаи бузурги “Paris Grand Slam 2020” ду ҷудочӣ – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 73 кг Тоҷикистонро  намояндагӣ намуданд.

Ба иттилои сомонаи Варзиш, Беҳрӯз дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили ҷудочии кишвари Самоа – Таи Тин Виллиам бо пирӯзӣ оғоз кард. Акнун дар даври сеюм Хоҷазода бо варзишгари мизбон – Тео Рикуин рӯи татамӣ мебарояд.

Ҳамзамон, Сомон Маҳмадбеков низ дар даври аввал ҷудочии кишвари Португалия – Хорхе Фернандесро дучори шикаст намуд. Барои роҳ ёфтан ба даври сеюми мусобиқаи мазкур Сомон аз сари роҳаш намояндаи кишвари Белгия – Ван Тихел Дикро дур кард. Ҳамин тавр Маҳмадбеков дар даври сеюм бо гӯштингири Черногория – Никола Гардасевич дидор анҷом медиҳад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар “Paris Grand Slam 2020” беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Бояд зикр кард, ки ширкаткунандагони “Paris Grand Slam 2020”, инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гӯштигирони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

Источник: sputnik-tj.com