«Сомон эйр» ташаббуси «25 ба 2025»-ро дастгирӣ мекунад

0
91

«Сомон эйр» ташаббуси «25 ба 2025»-ро дастгирӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иқдоми «25 ба 2025», ки аз ҷониби Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) ташкил шудааст, ҳамроҳ гардид. Маъракаи «25 ба 2025» моҳи сентябри соли 2019 оғоз ёфт. Мақсади асосии гузаронидани иқдом – пешбурди гуногунии гендерӣ дар соҳаи авиатсия мебошад.

Амалӣ намудани иқдоми мазкур ба зиёд шудани шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ё дигар вазифаҳо ба ҳадди 25 фоиз нисбат ба нишондиҳандаҳои имрӯза ё то ҳадди ақали 25 фоизи намояндагии занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда то соли 2025  мусоидат менамояд. Қадамҳои аввалин дар татбиқи барномаи мазкур моҳи майи соли 2020 дар форуми махсуси ИАТА, ки дар Париж гузаронида мешавад, баррасӣ мегарданд. Тибқи омори расмӣ, айни ҳол танҳо 8 фоизи ҳавонавардон дар ҷаҳон занон мебошанд, шумораи заноне, ки вазифаи директори генералиро дар соҳаи авиатсия ишғол менамоянд, 3 фоизро ташкил медиҳад.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам муҳимияти иштирок дар иқдоми «25 ба 2025»-ро  тавзеҳ дода, мегӯяд, ки «баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа беҳтарин иқдом мебошад. Ташаббуси мазкур андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша ба иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии мамлакат аҳамияти хосса зоҳир менамоянд, инъикос мекунад. Муайянсозии мақом ва нақши зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои рӯзмарраи замони муосир аст. Занон дар фаъолияти худ дар бисёр мавридҳо ба монеаи ноаён, ба қавле «шифти шишагӣ» (glass ceiling) бармехӯранд, ки расидан ба қуллаи муваффақиятро мушкил мегардонад. Ва дарвоқеъ, монеаи асосӣ- ин муносибати атрофиён мебошад. Айни замон пешбарии занон бояд ҳамчун як воситаи рушди устувори ҷомеа қабул карда шавад».

Источник: khovar.tj