Соли 2019 Тоҷикистон узви Иттиҳоди авруосиёии омбудсменҳо гардид-бардошт аз ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

0
195

Соли 2019 Тоҷикистон узви Иттиҳоди авруосиёии омбудсменҳо  гардид-бардошт аз ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2019  ҷаласаи  ҷамъбастӣ баргузор  гардид.  Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед  Бобозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот  сухан ронда, зикр намуд, ки «нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2019 беҳтар гардидаанд. Чунин раванд бояд идома дода шуда, дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».

Инчунин кормандони шуъбаҳои мақомот дар масъалаи қабулу  баррасии муроҷиатҳо, муросилоти аз дигар мақомот воридгардида, баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштироки кормандон  дар гурӯҳҳои корӣ, иштирок дар семинару конференсия ва мизҳои мудаввар, гузаронидани мониторингу санҷишҳо, суханронӣ дар ВАО ва оид ба дигар масъалаҳо изҳори назар карданд.

Зикр карда шуд, ки соли сипаригашта мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин ба якчанд дастовардҳои назаррас, аз ҷумла баргузории Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо»,  таҳия ва қабули «Харитаи роҳҳо оид ба  ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ», дар якҷоягӣ бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон шомил шудан ба узвияти Иттиҳоди авруосиёии омбудсменҳо ва ғайраҳо ноил гардид.

Дар охир фаъолияти  воҳидҳои сохтории мақомот ва кормандони он мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият ҷиҳати тақвият додани корҳо ва иҷрои пурраи барномаи амали мақомот барои соли 2020 дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Источник: khovar.tj