Соли 2019 коргоҳҳои саноатии Хуҷанд ба маблағи 1,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

0
151

Соли 2019 коргоҳҳои саноатии Хуҷанд ба маблағи 1,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

ДУШАНБЕ, 09.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2019 дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна ва шароити рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшуда 16 адад корхонаи нав таъсис дода шуданд. Ин омил барои ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии соҳаи саноати шаҳр мусоидат намуд. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби 172 адад корхонаи амалкунанда ба маблағи 1,3 млрд.сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд аст.

Ин нукта 8 январ зимни  баргузории ҷаласаи васеъ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар соли 2019, ки бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Насим Олимзода дар Маркази фарҳанги шаҳр доир гардид, баён шуд.

Соли 2019 коргоҳҳои саноатии Хуҷанд ба маблағи 1,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудандБино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода зикр намуд, ки  соли сипаригашта баҳри таъмини бомароми рушди итисодиёти шаҳр 23 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷумла 18 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи дохилӣ ва 5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудаанд.

Инчунин дар ин давра коргоҳҳои шаҳри Хуҷанд бо 35 мамлакати дуру наздик ҳамкории судманд ба роҳ монда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 392 миллиону 100 ҳазор доллари амрикоӣ баробар гардид. Аз он ҳаҷми воридот 363 миллиону 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва содирот 29 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст.

Ҳамзамон вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа оид ба ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки баҳри сазовор таҷлил намудани ин санаи бузурги миллӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёд, таъмиру навсозии 510 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шуда, соли 2019 зиёда аз 274 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар маҷмӯъ, давоми солҳои 2018-2019 беш аз 343 адад иншооти гуногун ба истифода дода шудаанд, ки иҷрои он 67,25 фоизи иншооти нақшавиро дар бар мегирад.

Источник: khovar.tj