Сокинони Ворухро хонасозию дарахтбуррии қирғизҳо дар марз нигарон кард

0
118

Сокинони Ворухро хонасозию дарахтбуррии қирғизҳо дар марз нигарон кард

Сокинони наздимарзии Ворух дар шаҳри Исфара мегуянд, қирғизҳои деҳаи Оқ-сой дар минтақаи ҳанӯз муайянношудаи марзӣ худсарона ба сохтмони манзилҳо шурӯъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сокинон аз деҳаи Ворух мегуянд, чанд рӯз аст, ки сокинони Оқ-сойи Қирғизистон дар заминҳои то ба ҳол аломатгузориношудаи марзӣ ба сохтмони бинову манзилҳои истиқоматӣ сар кардаанд.

Сарҳадшоҳи Ватан ҳамчунин дар саҳфааш дар фейсбук хабар додааст, ки рӯзи гузашта, сарҳадбонони қирғиз ба боғи ду сокини ҷамоати деҳоти Ворух воқеъ дар мавзеъи Лочин ва Меҳнатобод ворид шуда ва ҳудуди сад ниҳоли дарахтро шикаставу бурридаанд.

Ин сокини Исфара афзуд, ҷониби қирғизҳо ба сохтмони биноҳо дар мавзеъи миёни деҳоти Чоркӯҳ дар минтақаи Сангтуда сар кардаанд, ки ҳоло аслан ба кадом ҷониб тааллуқ доштани ин заминҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, боғе, ки аз сӯи қирғизҳо буррида шудааст, ба сокинон Каримбой Бобомуллоев ва Зуҳрон Каримов тааллуқ дорад. Зимнан аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду ҷониб чунин амалкарди хилофи қонунии ҷониби қирғизҳо таҳқиқ карда мешавад.

Источник: sputnik-tj.com