Собиқ Президенти Миср Ҳусни Муборак аз олам гузашт

0
176

Собиқ Президенти  Миср Ҳусни Муборак аз олам гузашт

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ Президенти  Миср Ҳусни Мубарак рӯзи сешанбе дар Қоҳира дар синни 91-солагӣ аз олам гузашт. Дар ин бора телевизиони давлатии Миср хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ӯ моҳҳои охир пас аз ҷарроҳии  меъда дар яке аз клиникаҳои пойтахт, дар шуъбаи эҳё қарор дошт. Чанд рӯз қабл писари калонии ӯ Аля Мубарак дар шабакаи иҷтимоӣ паёме навишт, ки барои  саломатии падараш дуо кунанд.

Ҳуснӣ Муборак солҳои 1981 — 2011 сарварии  давлати  Мисрро ба уҳда дошт.  Дар мавҷи эътирозҳои оммавии зидди ҳукумат 3 феврали соли 2011 ӯ истеъфо дод. Бар зидди Муборак якчанд парвандаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла доир ба фасод ва куштори тазоҳургарон оғоз карда шуда буданд. Дар ниҳоят ҳамаи онҳо бекор ва президенти собиқ сафед карда шуд. Солҳои охир Мубарак бо оилааш танҳо мезист ва аз ҳар гуна иртибот бо матбуот худдорӣ мекард.

                          ДАР АКС: Ҳусни Мубарак/ Акс аз Sean Gallup/Getty Images

Источник: khovar.tj