Соҳибкор Тавалобек Мазамбеков ба табибони Бадахшон кумак намуд

0
151

Соҳибкор Тавалобек Мазамбеков ба табибони Бадахшон кумак намуд

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкор Тавалобек Мазамбеков тасмим гирифт, ки дар ин рӯзҳои барои мардум мушкил  ба табибони  беморхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки    барои солимии сокинони вилоят содиқона хизмат менамоянд, дасти кӯмак дароз намояд.  Номбурда, ки соҳибкори муваффақ аст ва ба мурғпарварӣ машғул мебошад, ба табибон маводи хӯрока, аз ҷумла  тухми маҳаллӣ дастрас намуд.  Дар ин бора аз  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Номбурда сокини деҳаи  Рожи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Соҳибкор иброз дошт, ки  паҳншавии коронавирус тамоми дунёро ба ташвиш овардааст ва  беморону табибони ҷумҳурии мо низ ба дасггирии моддию маънавӣ ниёз доранд.  Аз ин рӯ, кӯмак намудан ба беморон ва табибон, ки ҷони худро ба даст гирифта, бо ин  бемории сироятӣ мубориза  мебаранд, хеле  муҳим  мебошад»,-афзуд манбаъ.

Соҳибкор Тавалобек Мазамбеков ба табибони Бадахшон кумак намуд

Источник: khovar.tj