Соҳибкор Шерзод Давлатов ба хонандагони Хонаи бачагони шаҳри Роғун либосҳои зимистона ва пойафзол тақдим намуд

0
58

Соҳибкор Шерзод Давлатов ба хонандагони Хонаи бачагони шаҳри Роғун либосҳои зимистона ва пойафзол тақдим намуд

РОҒУН, 23.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ  бо дастгирии соҳибкор ва шахси саховатпеша Шерзод Давлатов ба таълимгирандагони Хонаи бачагони шаҳри Роғун 31 адад либосҳои зимистона ва пойафзол ба маблағи умумии 10 000 сомонӣ тақдим гардид. Дар ин бора  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун  Абдулмумин Худойдодов ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар Хонаи бачагони шаҳри Роғун айни замон 31 нафар ятимону бепарасторон аз  шаҳрҳои Роғун, Норак, Ҳисор ва ноҳияи Файзобод  таълим мегиранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки ба ин табақаи аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин иқдомҳои наҷибона дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста роҳандозӣ мегарданд.

Источник: khovar.tj