Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И дар суҳбати телефонӣ иқдомҳои муштаракро дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 баррасӣ намуданд

0
42

Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И  дар суҳбати телефонӣ иқдомҳои муштаракро дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май  суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Чин Ван И баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбати телефонӣ  муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар арсаҳои гуногун дар чаҳорчӯби шарокати стратегии ҳамаҷониба ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 баррасӣ шуданд.

Источник: khovar.tj