Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар нақшаҳои ояндаро баррасӣ карданд

0
123

Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар нақшаҳои ояндаро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Афғонистон Ҷонибҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд”, – омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт, теъдоди афғонистониҳоеро, ки ба кумаки фаврии тибббӣ ниёз доранд, беш аз се миллион нафар арзёбӣ кард.

Созмон гуфт, мардуми Афғонистон ба далели ҷангу офатҳои табиӣ ниёзманди хадамоти дармонии фаврӣ ҳастанд.

Источник: sputnik-tj.com