Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Лебедев мулоқот кард

0
97

Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Лебедев   мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси роҳбари Ҳайати нозирони байналмилалии ИДМ ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба дар доираи ИДМ-ро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи хоссаро ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии ИДМ доир ба  омодагӣ ва таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Сергей Лебедев барои корҳои анҷомдодаи ҳайати ИДМ изҳори сипос намуда, таъкид ба омодагии фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти нозирони байналмилалӣ кард.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj