Сироҷиддин Икромӣ: «Амонатбонк» ҳамкориро бо бонкҳои Ӯзбекистон ва Чин тақвият мебахшад

0
148

Сироҷиддин Икромӣ:   «Амонатбонк» ҳамкориро бо бонкҳои Ӯзбекистон ва Чин тақвият мебахшад

ДУШАНБЕ, 04.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамкориро бо бонкҳои кишварҳои  ҳамҷавор, назири «Бонки миллии равобити хориҷии Ӯзбекистон» ва «Узпромстройбонк», инчунин Бонки давлатии рушди Чин тақвият додааст.

Раиси Бонки давлатии  амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷидин Икромӣ имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарӣ изҳор  дошт, ки айни замон «Амонатбонк» бо «Бонки миллии  равобити хориҷии Ӯзбекистон»  ва «Узпромстройбонк» шартномаи ҳамкорӣ дар ҳаҷми 43 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонидааст.  Ҳамзамон «Амонатбонк» тасмим  дорад, ки рӯзҳои наздик бо Бонки давлатии рушди Чин  лоиҳаи созишномаи қарзиро  дар ҳаҷми  60 миллион юани чинӣ ва 10 миллион доллари амрикоӣ  ба имзо расонад.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти нахустин Бонки амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Амонатбонк», ки таърихи 135-сола дорад, Сироҷиддин Икромӣ зикр кард, ки соли гузашта барои кормандони  «Амонатбонк»  соли бобарор ва муваффақ буд. Дар ин сол бинои  нави «Амонатбонк», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 105 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди  сол-2019»  «Амонатбонк» бо дарназардошти  хизматрасониҳои муосири бонкӣ сазовори  ҷоизаи тиллоии  «Бренди сол -2019»  дар бахши бонкдорӣ гардид. Ҳамзамон  соли гузашта  дар асоси қарори ҳайати мушовараи  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ «Амонатбонк»  яке аз андозсупорандаи беҳтарин  эътироф гардид.

Раиси  «Амонатбонк» афзуд, ки   то охири соли 2019  дороиҳои   «Амонатбонк»  4,2 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк  3,7 миллиард сомониро  ташкил дода,  пардохтпазирии «Амонатбонк» дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда,  маблағҳо сари вақт  ба ҳисобҳои дахлдор  гузаронида шуданд. Соли гузашта сармояи  «Амонатбонк» 8,1 фоиз афзоиш ёфта,  ба 428,8 миллион сомонӣ  баробар гардида, даромади софи бонк  42 миллион сомониро  ташкил намуд, ки дар қиёс нисбат ба соли  2018   16,2 фоиз зиёд мебошад.

Мусаллам аст, ки алҳол дар миқёси ҷумҳурӣ кормандони Бонки давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк», ки қариб се ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ба 21 ҳазор корхонаю  ташкилот, беш аз 732 ҳазор нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ва ҳифзи ҳуқуқ, беш аз 1,7 миллион нафар пасандозгузорон тавассути  75 филиал ва 546 маркази  хизматрасониҳои  бонкӣ     дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ намояндагони расонаҳои хабарӣ аз Осорхонаи «Амонатбонк» дидан намуда, бо нигораҳои он ва таърихи  фаъолияти нахустин бонки давлатӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1885  ба фаъолият оғоз кардааст, шинос гардиданд.

 

Источник: khovar.tj