Сипосу дуои Файзов ба Озода Раҳмон барои пуштибониҳо

0
153

Сипосу дуои Файзов ба Озода Раҳмон барои пуштибониҳо

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бо ирсоли як паёми шодбошӣ Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистонро, бо зодрӯзаш табрик кардааст

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Файзов дар паёмаш ба Озода Раҳмон изҳор доштааст, ки “мо аз дастгириву пуштибонии Шумо ҳамешаву пайваста бархӯрдорем ва ба ин хотир, мардуми Бадахшон – як гӯшаи фирдавсгунаи Тоҷикистони маҳбуб дуогӯи Шумо буда, ба Шумо саломатӣ ва дар коратон комгориҳои бузург хоҳонем”.

Раиси ВМКБ афзудааст, ки мардуми сарафрози Бадахшон сиёсати дурандешонаву оқилонаи Эмомалӣ Раҳмонро комилан дастгирӣ намуда, изҳори боварӣ кардаст, ки ояндаи наздик Бадахшон ба қуллаҳои баландтарини рушд хоҳад расид.

Файзов дар мақоми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ифои вазифа кардани Озода Раҳмонро  далели кордонию масъулияти баланд ва иродаи матини Шумо соҳибҷашн хондааст.

“Мо хуб медонем, ки Шумо ҳар лаҳзаи вақти ноёбро барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз масраф карда истодаед. Дар ин мавриди муносиб Шуморо аз номи мардуми Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо зодрӯз ва соли нави мелодӣ сидқан табрик мегӯем, дуогӯем, ки ҳамеша саратон сабз бошаду рӯзгори пурфайзу баракат насибатон гардад!”, – омадааст дар паёми Файзов.

 Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 42-юмин таҷлил мекунад.

Источник: sputnik-tj.com