«СИПОС БА ТАБИБОН!». Чунин нидо карданд маризоне, ки баъди шифо ёфтан аз бемории коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд

0
172

«СИПОС БА ТАБИБОН!». Чунин нидо карданд  маризоне, ки баъди шифо ёфтан аз бемории коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд

ДУШАНБЕ, 10.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз аз чаҳор беморхонаи калонтарини пойтахт – Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Маркази тиббии шаҳрии рақами 1, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ва Маркази тиббии «Шифобахш» гурӯҳи калони беморон ба хонаҳояшон ҷавод дода шуданд.

Тавре шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» хабар дод, шахсони зикршуда, ки аз вируси COVID-19 сироят ёфта,  ҳар кадом 10 рӯз ва аз он бештар зери табобати духтурон қарор доштанд, пурра сиҳат шуда, ба назди аҳли байташон баргаштанд.

Беморони шифоёфтаро табибони ҳозиқи шифохонаҳо бо кафкӯбӣ ва эҳсоси хушнудӣ гусел намуданд. Дар байни беморони сиҳатёфта, ки бо чеҳраи кушод ва дилҳои аз фараҳ лабрез ба табибон арзи сипос намуданд,  оҳангсози Тоҷикистон Фарҳод Зикиров, равоншинос Маҳмуд Кабиров, шаҳрвандон Ёрмаҳмад Қурбонов, Ҷамшед Ҷобиров ва дигарон низ буданд.

«СИПОС БА ТАБИБОН!». Чунин нидо карданд  маризоне, ки баъди шифо ёфтан аз бемории коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд

«Чанд рӯз  қабл  беш аз 100 нафар беморон аз шифохонаи мо ҷавоб шуда будванд, — гуфт корманди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи пойтахт Меҳроҷ Хуҷамуродов. – Ҳоло рӯзи сеюм аст, ки гуруҳи дуюм табобат мегиранд. Аз наздикони беморон хоҳиш менамоем. Ки ба кори мо халао нарасонанд, монанд мо вазифаи худро иҷро кунем. Ҳамааш нағз мешавад».

Хотиррасон менамоем, ки ин ҳафта гурӯҳи беморони аз коронавирус сироятёфта, сиҳат шуда, аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ низ ҷавоб шуданд.

ДАР АКС: табибони Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе ҳангоми гусели беморони шифоёфта. Акс-скриншот аз навори ТВ «Тоҷикистон».

Источник: khovar.tj