СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

0
252

СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Инсоният тӯли таърихи дароз 15 ҳазор ҷангро аз сар гузаронидааст. Имрӯзҳо ҳам дар гӯшаҳои гуногуни олам муноқишаҳои ҳарбӣ рӯй медиҳанд. Ҷангҳо зиёни зиёде меоваранд. Онҳо оммаи зиёди одамонро аз кору заҳмати осоишта канор мезананд», — иброз медорад Зубайдулло Давлатов, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ. Дар зимн, матни пурраи андешаҳои номбурдаро бахшида ба Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури хонандагон менамоем.

Дар ин ҷангу муноқишаҳо ҳамеша Қувваҳои Мусаллаҳ ба сифати абзори ҷанг истифода шудаанд. Зеро воситаи асосии пешбурди ҷанг артиш аст. Дар ҳамаи давру замонҳо аз артиш барои ҳимояи давлат ва ватан истифода мебурданд.

Саҳифаҳои таърихи ниёгони мо моломоли чунин далелҳои таърихиянд. Маълумоти аввалинро дар бораи дастаҳою гурӯҳҳои махсуси мусаллаҳ аз модаркитоби инсоният — «Авесто» пайдо кардан мумкин аст. Аҷдоди мо бори аввал дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён (550–330 пеш аз милод) артиши касбии худро ташкил намуда буданд. Артиши давлатҳои Сосониён (224–651) ва Сомониён (619–999) дар замони худ яке аз пурқудраттарин артишҳо ба шумор мерафтанд.

Намояндагони машҳури фарҳанги аҷдоди мо доир ба артиш, сохтор, маҳорату малакаи ҳарбиён, таълиму тарбияи низомиён асарҳои арзишманде иншо намудаанд. Тафаккури низомии миллати тоҷик дар қаъри ҳазорсолаҳо реша дорад ва табиист, ки андешаҳои беҳтаринро дар бораи таърихи ташаккули артиши миллӣ дар бар мегирад.

Имрӯз, ки миллати тоҷик давлати соҳибистиқлол дошта, Қувваҳои Мусаллаҳи худро ташкил намудааст, омӯзиши мероси ҳарбӣ — назариявии гузаштагонамон аҳамияти хосса пайдо намуда,  вазифаи ҳар як пажӯҳишгари соҳаи илми ҳарбист, то ин таҷрибаи низомӣ ва сабақи таърихи артиши миллиамонро дастраси омма ва онҳое гардонанд, ки ҳаёти худро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд.

СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

Зубайдулло Давлатов

Баъди пош хӯрдани  Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ бадхоҳони дохилию берунӣ бо дахолати давлатҳои хориҷӣ бо баҳонаҳои гуногун ва дастгирии гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилӣ Тоҷикистонро гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ намуданд. Ин ҷанг тамоми кишварро фаро гирифт. Барои сохторҳои фалаҷгардидаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ муқобили гурӯҳҳои террористӣ ва ҷиноятпеша истодагарӣ карда мушкил буд. Дар ин гуна вазъият артише  зарур буд, ки давлату миллатро аз мухолифини яроқнок муҳофизат карда тавонад ва бо ин мақсад тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар карда шуд.

Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва мо ин ниҳоди муҳими давлатиро дар як муддати кӯтоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем. Ҳангоми суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ 23 феврали соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон аз ҷузъу томҳои ҳарбии он чизе ба худ нагирифт. Бо даъвати Сарвари давлат баҳри муҳофизати сарҳад тамоми имкониятҳои мавҷуда равон карда шуданд. Ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, заминаҳои асосӣ барои таъсиси Артиши миллии тоҷик соли 1993 гузошта шуданд. 3 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид. Аз ҳамин рӯз эътиборан ҳар сол 23 феврал ҳамчун санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1997 аз се навъи қӯшунҳо–қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буданд. Дар тобеияти Вазорати мудофиа ҷузъу томҳои низомии алоҳида, ба монанди Литсеи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ амал мекарданд. Минбаъд дар заминаи ислоҳоти ҳарбӣ Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида шуданд. Дар заминаи Коллеҷи олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, бо дарназардошти таҳдиди хатарҳои муосир навъи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал бо фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ–Қӯшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил дода шуд. Соли 2005 Қувваҳои ҳарбию  ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуданд

Имрӯз бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки Артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи мамлакат ташаккул ёфтааст. Ин артиш дар муборизаҳои шадид иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ андухта, обутоб ёфт.

Тӯли солҳои 1993-2020 дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Артиши қобили ҳифзи Ватан ва миллат ба камол расонида шуд. Аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонистанд садоқати худро ба Ватан ва миллат, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит созанд.

Мусаллам аст, ки бе кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, машқдидаю соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногун, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин дастпарварони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ такмил дод. Айни замон зиёда аз 600 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин ва Ҳиндустон ба таҳсил идома дода истодаанд.

Аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ба ин рӯз беш аз 5000 нафар ҷавон муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва беш аз 600 нафар академияҳои ҳарбиро хатм кардаанд. Ҳоло зиёда аз 90  дарсади афсароне, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ, яъне мутахассисони соҳаи низомӣ мебошанд.

Дар таълимгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиа 1400 нафар таҳсил доранд ва муассисаҳои номбурдаро ҳар сол 350 нафар хатм менамоянд. Вазорати мудофиа ҳар сол дар асоси қарордод беш аз 200 нафар хизматчиёни ҳарбиро ба муассисаҳои таҳсили олии ҳарбии давлатҳои пешрафта мефиристад. Ҳамасола беш аз 150 нафар афсарон курсҳои такмили ихтисосро дар марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ хатм мекунанд.

Бо захираҳои моддию техникӣ, озуқаворӣ, сару либос ва техникаю таҷҳизот таъмин намудани ҷузъу томҳо ҳалли худро ёфтааст. Зимнан, Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя пуртаҷриба аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо пушти сар гузошт, таҷрибаи ҷангӣ андӯхт ва имрӯзҳо онро такмил медиҳад.

Алҳол ҷаҳони муосир пур аз тазодҳост. Муборизаҳо баҳри дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар гардида истодаанд. Дар ин вазъият ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар маркази диққати ҳама ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад.

Дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, таъмини амнияти мамлакат ва ваҳдати миллии он аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ чандкарата афзоиш меёбад.

Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳомӣ ва пушту паноҳи давлату миллат аст.

СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллатСИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Артиши миллӣ — пушту паноҳи давлат ва миллат

                                                                  АКСҲО аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj